РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи якчанд иншооти гуногун ба шаҳри Ваҳдат сафар карданд

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи якчанд иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Дар маркази шаҳр Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдатро ифтитоҳ намуда, бо шароити корӣ дар он шинос шуданд.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино ғайр аз ҳуҷраҳои корӣ ва шуъбаи бойгонӣ ҳамзамон китобхона бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст, ки дар он асарҳои мондагори Пешвои муаззами миллат, рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои тозанашри шоирону нависандагони классику муосир ҷойгиранд. Дар чунин шароит кормандону мутахассисон метавонанд донишу малакаи худро бо мутолиаи китоб боз ҳам такмил диҳанд.

Бинои замонавӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити арзандаи корӣ ва пешбурди фаъолияти назарраси кормандон бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорон дар макони мувофиқ ва тарҳи зебо бунёд шуда, ҳуҷраҳои кории он бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.

Дар ошёнаи дуюм ва сеюми иншоот 9 ҳуҷраи корӣ барои мутахассисон пешбинӣ шудааст, ки дорои шароити мувофиқи хизматрасонӣ мебошанд.

Толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст дар ошёнаи чоруми бино ҷойгир буда, барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун макони мусоид ба ҳисоб меравад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram