Ба муносибати Рӯзи милитсия дар маркази вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо паёми табрикии сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят, Раиси вилояти Хатлон ва тақдими ифтихорнома, сипоснома, тӯҳфаҳои пулӣ ва рутбаҳои навбатӣ ҷараён гирифт.
Пешниҳоди барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар боиси болидаруҳии иштирокчиён гардид.