РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ИҶЛОСИЯ – КАФИЛИ НАҶОТУ БАҚОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

Таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол пур аз таҳаввуллот ва саҳифаҳои рангине аст, ки инъикосгари як марҳалаи ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ мебошад. Бахти миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол ормони даст ёфтан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр омад карду ба ин мақсади олии хеш расид. Бо имзои созишномаи “Беловежск” (8.12.1991) давлати Шуравӣ барҳам хӯрда, кишварҳои иттифоқӣ ба истиқлоли давлатӣ соҳиб шуданд. Дар ин раванди пур аз таҳавуллоти сиёсӣ Тоҷикистон чун иттифоқчиёни дигар ба истиқлол расид. Вале ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ба миллати тоҷик ба осонӣ муяссар нагардид. Ин мураккабиро дар роҳи ҳифзи суботи сиёсӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон омилҳои субъективӣ ва объектвии мавҷуда, ки натиҷаи сиёсати “бозсози”-и ҳукумати собиқ Шуравӣ буд, ба вуҷуд овард. Низоми сиёсии ҷомеа ва тамоми сохтори идорӣ фалаҷ гардида, ҳукумати бетаҷриба дар роҳи истиқлол аз уҳдаи вазифаҳои хеш дар назди ҷомеа баромада натавонист. Аз нотавонии ҳукумат ва дигар падидаҳои номатлуби ҷомеа гурӯҳҳои сиёсии тундрав бо сарпарастии кишварҳои мушаххаси хориҷӣ истифода карда, роҳи ба даст овардани ҳокимияти давлатиро пеш гирифтанд.

Бояд қайд кард, ки давлат пурра фалаҷ гардида буд, ҳатто баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлол ҳукумат артиши худро натавонист ҳифз намояд ва дар ин роҳ масъулин талоше ҳам накарданд. Аз заифии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши давлатӣ неруҳои сиёсии мухталифи ҳукуматхоҳ истифода намуда, аксар ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Ҳар як гурӯҳи ҳукуматхоҳ худро ҳомии ватану миллат номида, дар зери ин шиор ба зарари ин миллату давлат кор мекард. Бетаҷрибагии азҳоби сиёсӣ ва ташкилоту созмонҳои навташкилшуда дар роҳи ба ҳукумат соҳиб шудан вазъро боз ҳам бадтар менамуд. Аксар аз ташкилоту созмонҳои ба вуҷудомада, ки натиҷаи сиёсати демократикунонии ҳукумати собиқ буд, хусусияти маҳалгароӣ ва ё хуруфотӣ доштанд. Дар чунин марҳилаи бениҳоят ҳасос ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик қуввае лозим буд, ки дар фикри истиқлол ва тамомияти арзии ин ватан бошаду хатари мавҷударо дарк намуда, мардумро дар роҳи ваҳдату ягонагӣ ва субот даъват намояд.

Новобаста аз чунин шароити мураккаб шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун нишони баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он муваффақ шуданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад. Дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифт.

Аввалин қадамҳо дар самти таҳкими сулҳу субот миёни қувваҳои мухолиф дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз гузошта шуданд. Ақли солим ғолиб омаду онҳо дар иҷлосия ба мувофиқа расиданд. Заминаи ҳифзу устувории давлатдории навини тоҷикон гузошта шуд. Дар раванди кори иҷлосия як қатор қарорҳое қабул карда шуд, ки заминаи таҳкими сулҳу субот ва волияти қонунро дар кишвар гузошт.

Яке аз тадбирҳои бисёр саривақтӣ ва сарнавиштсоз интихоби раиси Шурои Олии кишвар ба ҳисоб мерафт. Дар рӯзи чормуи иҷлосия, яъне 19-уми ноябри соли 1992 дар такя ба моддаи 109-и Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.

Мувофиқи қарори мазкур Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта метавонад. Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуда, гуфт: «…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар раванди 30 соли мактаби давдатдориаш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ба таври барҷаста собит намуда истодааст.

Сарвари ҷавону навинтихобро зарур буд, ки як қатор қарорҳои муҳиме қабул намояд, ки вазъиятро муътадил гардонида, қонуният дар кишвар ғолиб шавад ва хатарҳои номатлуби таъсиррасон ба давлату миллат бартарф гардад. 19 ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи изҳороти аъзои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуд.

Мувофиқи қарори мазкур истеъфои аъзои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Онҳо то вақти ташкил додани ҳайати нави Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати худро давом медоданд.

19 ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи сиёсии ба амаломадаро дар кишвар ба инобат гирифта, ба Сарони давлатҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон муроҷиатнома ирсол кард, ки дар он гуфта мешуд: «Вазъи ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тадбирҳои андешидашуда нигоҳ накарда, торафт муташанниҷ мегардад. Задухӯрдҳои мусаллаҳонаи тарафҳои муқобил давом доранд. Хуни одамони бегуноҳ мерезад. Шумораи гурезагон рӯз то рӯз меафзояд. Хавфи ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат нобуд шудани тоҷикон ба миён омадааст.

Дар ин рӯзҳои душвор қисмҳои дивизияи 201-уми пиёданизоми Федератсияи Русия бо хоҳиши ҳукумати ҷумҳурӣ баъзе корхонаву муассисаҳоро ҳимоя карда, ба таъмини низоми фавқулодда дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ карданд.

Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъият ба раисони мамлакатҳои ИДМ, иштироккунандагони мулоқоти шаҳри Алмаато муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки дивизияи 201-уми пиёданизом асоси қувваҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ гардад ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон дар ин масъала ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки худро дареғ надоранд».

Ҳамчунин, 20-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳали раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ба Хуҷанд омаданд, машварат орост.

Дар ин машварат сухан дар бораи корҳои ташкилию техникии Иҷлосия ва масъулияти кормандони дафтари Раёсати Шурои Олӣ рафт. Эмомалӣ Раҳмон мулоҳизаҳояшро дар бораи интихоботи раисони нави Кумитаҳои Шурои Олӣ ва аъзои Раёсати он баён карда, аз нақши воситаҳои ахбори умум, махсусан телевизион ва радио дар масъалаи беҳбудии вазъи ҷумҳурӣ изҳори ақида кард.

21-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузошт.

Дар таърихи 24-уми ноябр иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуд.

Ҳамчунин, 26 ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муроҷиатномаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ имзо гузошт, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфи фалокати умумимиллиро, ки қодир аст орзӯи чандинасраи тоҷиконро баҳри истиқлолият ва эҳёи давлатдории худ аз байн барад, эҳсос намуда, ҷанги бародаркуширо, ки боиси ҳалокат ва харобӣ, кушта шудани ҳазорон одамони бегуноҳ мегардад, маҳкум карда, мақоми аввалиндараҷа доштани ҳуқуқи шахсиятро бидуни мансубияти миллӣ ва динию мазҳабӣ, ҷаҳонбинӣ ва майли идеологӣ ва амсоли он эътироф намуда, масъулияти таърихии худро нисбат ба тақдири ҷумҳурии навташкили Тоҷикистон, ки ба роҳи тараққиёти мустақилияти миллӣ қадам ниҳоданист, дарк карда, баҳри ҷумҳурии якпорча ва тақсимнопазир, Тоҷикистони демокративу дунявӣ талош менамояд.

Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед мекунад, ки ҳамин муроҷиатномаро аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату иттиҳодияҳо, ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳри тантанаи ақли солим ва адлу инсоф ба хотири дар қаламрави Тоҷикистон пойдор шудани сулҳу муросо дастгирӣ хоҳад кард».

26-уми ноябр Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми матбуоти даврӣ чоп гардид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи барои сарнавишти миллионҳо одамон пурхатар ва дар лаҳзае, ки ҳаёт ва осоиштагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ зери хатар аст, доир гардид. Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақомоти конститутсионии ҳокимияти намояндадор ва ифодагари иродаю ормони тамоми халқи ҷумҳурӣ мебошад. Муҳимтарин дастоварди кори иҷлосия тантанаи қонун аз болои қонуншиканӣ, бозгаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалаҳои тезу тунди иҷтимоиву сиёсӣ мебошад».

26-уми ноябр иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992»-ро ба имзо расонид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардидааст.

Бояд қайд кард, ки қонуни мазкур бо мақсади хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, пешгирӣ аз фоҷиаи миллӣ дар ҷумҳурӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти мӯътадили институтҳои давлатӣ, инсондӯстӣ қабул гардида буд.

27-уми ноябр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Раиси Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо намуд. Мувофиқи қарори мазкур Абдумалик Абдуллоҷонов Раиси Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

2 –юми декабр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таклифи 116 нафар депутати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарор «Дар бораи таъсиси вилояти Хатлон» имзо гузошт. Тибқи он дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби якҷоя кардани вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа вилояти Хатлон ташкил шуда, маркази маъмуриаш шаҳри Қӯрғонтеппа муқаррар гардид.

2-юми декабр Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо кард.

Бояд қайд кард, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат як қатор сандаҳои меъёрӣ ҳуқуқие дар равнади Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ қабул гардид, ки заминаи таҳқими қонуниятро дар мамлакат гузошт.

Вақт ва таҷрибаи таърихии 30 соли мактаби давлатдории ин абармарди майдони сиёсат собит намуд, ки роҳи муайянкарда ва пешгирифтаи ӯ алтернативаи дигар надошт. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон исбот кард, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд. Танҳо барои миллати баргузида ва куҳанбунёди тоҷик чунин Сарвари дурандешу боматонат ба мисли Эмомалӣ Раҳмон лозим буд, ки дар зери як марому мақсад, ки асоси онро устувории ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ ташкил мекунад, муттаҳид шаванд.

Аз нигоҳи имрӯза ва оянда бо ифтихор бояд таъкид намуд, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ба Сарвари давлат ва роҳбарияти нави мамлакат гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон ба мактаби бузурги давлатдорие асос гузошт, ки чун кафили бақои миллату давлати тоҷикон хидмат кард. Ин кафил миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро, ки ба сангари вазнине рӯ ба рӯ гардида буд аз вартаи ҳалокат наҷот доду кафолати ҳастии он гардид. Миллати тоҷик бо сарварии ин чеҳраи мондагор дар тули 30 сол роҳи 300 соли таърихи баъзе халқияту миллатҳоро сипарӣ карда, дар роҳи эъмори давлатдории миллӣ ва мутамаддин ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Зарур аст, ки ба ин мактаби беназири давлатдории ташаккулдодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузошту аҳаммияти онро ба насли навраси меҳан омӯзонд.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

Ректори ДМТ, профессор

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram