РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷаласаи нахустини Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ баргузор шуд

9 ноябри соли 2022 дар Вазорати корҳои хорҷӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласаи нахустини Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд, дар ҷаласа роҳбарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти судӣ ва қудратӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар аъзои Комиссия ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа мақсад ва вазифаҳои Комиссия, ҳайати он, гузориш оид ба раддабандиҳои байналмилалӣ ва Нақшаи кори Комиссияи доимоамалкунанда оид ба баррасӣ ва арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандиҳои байналмилалӣ барои солҳои 2022-2023 баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода оид ба мавқеи кишвар дар радабандиҳои байналмилалӣ гузориш дод.

Ҳамчунин дар чорабинӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram