Дар толори Кохи “Суғдиён бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми Пешвои миллат дар рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон” бо иштироки аҳли илму фарҳанг ва маорифу тиб конфрнси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода конфронсро оғоз бахшида, афзуд, ки дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлоламон санаҳое мавҷуданд, ки дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт гардида, ҳар яки онҳо боиси оғози марҳилаҳои муҳим ва сарнавиштсози кишварамон гардидаанд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам, яке аз ҷашнҳои муҳими таърихӣ маҳсуб ёфта, ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшид ва барои татбиқи раванди давлатсозии миллӣ заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Ба шарофати он миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарӣ ва талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор ниҳода, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати рӯ ба инкишоф муаррифӣ шуд.
Дар ҷараёни конфронс ҳамзамон Муъмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Саодат Аминҷонова, вакили маҷлиси Вакилони халқи вилояти Суғд, Баҳриддин Аҳмадов, собиқадори хизмати давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Ғаффорхон Муҳитдинов вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12-ум, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва дигарон сухан гуфта, роҷеъ ба аҳамияти таърихии Иҷлосия андешаронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки миллати тоҷик дар тӯли соҳибистиқололӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони оғушта ба хун ва ҷангзадаи сароғози Истиқлолиятро ба кишвари бонизому босубот ва омода ба пешрафтҳои босуръат табдил додаст. Роҳе, ки дар тӯли ин солҳо дар шоҳроҳи Истиқлоли миллӣ паймуда шудааст, роҳи осоне набуд ва ҳалли маҷмӯи вазифаҳое, ки пешорӯи миллати мо қарор дошт ва гаронии он, пеш аз ҳама бар дӯши Роҳбари давлат афтода буд. Маврид ба зикр аст, ки ба шарофати сиёсати оқилона, ҷасурона, дурандешона ва созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати хушиқболи мо дар роҳи бунёди давлати миллии демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона, иҷтимоӣ, дунявӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Толеъ ва бахти миллати мо буд, ки дар лаҳзаҳои душвору сангин ва сарнавиштсоз ин марди худодод ба саҳнаи сиёсат омада, чун фарзанди сарсупурдаи миллат зимоми давлатдориро ба дасту дӯши худ гирифта, миллатро аз парокандагӣ ва давлати ҷавони соҳибистиқлоли моро аз нобудӣ раҳо намуданд.
Маҳз Иҷлосияи таърихию тақдирсози миллат буд, ки барои халқи меҳанпарасту сулҳпарвари тоҷик саҳифаи нави давлатдории миллӣ ва ҳаёти осоиштаву шароити арзандаи зиндагиро замина гузошт ва кишвари азизамон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.
Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Даҳсолаи байналмилалии амал
«Об барои рушди устувор»,
солҳои 2018-2028
(Пешниҳоди Тоҷикистон бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 21 декабри соли 2016 қабул шудааст.)