РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ДМТ: бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI ҳамоиш баргузор шуд

10 ноябр бо ибтикор ва ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон, магистрантону донишҷӯён дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳёи давлату ҳуқуқи миллии тоҷикон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода оғоз гардида, таъкид гардид, ки барои мардуми сарбаланди тоҷик бахти бузургест, ки дар даврони рӯзгори нобасомон ва шикастарӯҳии тақдир башорати баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби фарзанди фарзонаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот муяссар гардонид. Дар он рӯзҳои басо мушкил барои мардуми тоҷик -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро бар дӯш гирифта, дар дили мардум умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ҷо намуданд.

Сипас Раиси Шурои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон — иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов дар робита ба рӯзҳои таърихии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ, дотсент Изатулло Маҳмудов оид ба «Иҷлосияи тақдирсоз, санадҳои сарнавиштсоз ва роҳбари ояндасоз», дотсенти кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ Амриддин Шарифов доир ба «Нақши Иҷлосияи XVI дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон» маърӯза намуданд.

Таъкид гардид ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва мо маҳз бо шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем.

Дар интиҳо барномаи фарҳангию фароғатии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ манзури иштирокдорони ҳамоиш гардонида шуд.

Ёдрас мешавем, ки меҳмони ҳамоиш бо туҳфаи хотиравии роҳбарияти донишгоҳ сарфароз гардонида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram