РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Намояндагони Тоҷикистону Туркманистон масъалаи рушду тавсеаи ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд

10 ноябр дар Ашқобод муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқоти дӯстона ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати кӯшишҳои тарафайнро ҷиҳати ғанӣ гардонидани мӯҳтавои онҳо бо назардошти чорабиниҳои муштараки сатҳи олӣ таъкид сохтанд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 28 октябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро дар соҳаи фарҳангу санъат мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷумла, онҳо роҷеъ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ изҳори назар намуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаи гурӯҳҳои эҷодӣ, иштироки мутақобил дар фестивалҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, ки дар густариши муносибатҳои дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Чунончи, моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram