РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №590

АЗ 03.11.2022

Дар бораи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои банди 75 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021 №791 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаҳои 2 ва 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.

3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram