РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳти унвони «Иҷлосия ва бунёди давлатдории навин» дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид

Ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 11 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагон, коршиносон ва масъулини риштаи фарҳанг конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд.

Ҳамоишро муовини вазири фарҳанги кишвар Сафарзода Давлат Шариф ифтитоҳ намуда, дар барои Иҷлосияи тақдирсоз ва аҳаммияти он дар бунёди давлатдории навин суханронӣ кард.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки халқи тоҷик аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашта, ба воситаи андешаҳои поку машварат ба сулҳу ваҳдат расид. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ барои кулли тоҷикону тоҷикистониён Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз буда, барои ҷаҳони мутамаддин намунаи барҷастаи ватандорӣ ва хештаншиносӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар кори конфронс  Сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷкистон Мирализода Раҳмоналӣ, сармуҳаррири маҷалаи «Тоҷикистон» Ҷумъа Мирзо, сармузҳаррири маҷалаи «Илм ва ҳаёт» Хушдил Раҳимҷон ва дигар ашхоси аҳли фарҳанг баромад намуданд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ китоби тозанашри «Иҷлоияи давлатсоз»-и Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби нашриёти «Адиб» ба чоп расидааст, рунамоӣ шуд. Гуфта шуд, ки дар ин китоб шеърҳо, ёддоштҳо, мақолаҳои адибон ва шоирони тоҷик, сиёсатмадорон ва вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд оварда шудааст. Дар он нахуст муроҷиатномаи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар, ки дар бораи моҳияи таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва нақши он дар эҳёи сулҳу субот овардани мардуми меҳан сухан мегӯяд, дарҷ гардидааст.

Шоира Раҳимова,

«Овози тоҷик»

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram