РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: Раиси шаҳр ба муштзани маъруфи тоҷик Шавкат Раҳимов калиди хонаи 2-ҳуҷрагиро дар пойтахт тақдим карданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, муштзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF (Федератсияи Байналмилалии Бокс), дастпарвари МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс”-и шаҳри Душанбе, Шавкат Раҳимовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Раиси шаҳри Душанбе ин варзишгарро барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон оид ба IBF таҳният гуфта, ҳамчун нишони қадрдонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе, ба ӯ калиди хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахтро тақдим намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Шавкат Раҳимов санаи 5 ноябр дар шаҳри Абу Дабӣ-пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб, муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро мағлуб намуда, бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик, унвони қаҳрамонии IBF-ро соҳиб гашт.

Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар барои омодагӣ дидан ба мусобиқаҳои оянда дастурҳо дода, ба ӯ барору музаффарият таманно карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram