РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маҷмааи хизматрасонии «Малика»-ро ифтитоҳ намуда, бо ятимони кулл мулоқот карданд

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич Маҷмааи хизматрасонии “Малика”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити дар марказ фароҳамшуда шинос гардида, бо кормандони маҷмааи хизматрасонӣ суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Дар коргоҳи нав зиёда аз 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нав дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ва истиқболи сазовори  30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шарифҷон Раҳмонбердиев бунёд гардидааст. Он аз ду ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи аввали маркази хизматрасонӣ сехи дӯзандагӣ ҷой дода шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагӣ ва дигар  лавозимоти зарурӣ таъмин гардидааст.

Дар коргоҳ мутобиқ ба меъёрҳои соҳаи буррандагиву дӯзандагӣ ҷиҳати омода намудани маҳсулоти хушсифати ватанӣ шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.

Тибқи маълумоти масъулин, дар як сол коргоҳ имкон дорад, ки бештар аз  10 ҳазор маҷмӯи либоси ягонаи мактабӣ, корӣ ва барои бонувон номгӯи зиёди  либоси миллиро бо сатҳу сифати баланд пешниҳод намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дӯхти босифати либоси ягонаи мактабию корӣ, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи мамлакат ба масъулин дастур супоришҳо доданд.

Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи хизматрасонии “Малика” тарабхона барои  100 ҷойи нишаст бунёд гардида, барои гузаронидани базму чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ мутобиқ аст.

Бунёду ба истифода дода шудани Маҷмааи хизматрасонии “Малика” алалхусус, тарабхонаи замонавӣ имкон медиҳад, ки на танҳо аҳолии беш аз 5000-нафараи деҳаи Ҳазорчашма, балки сокинони дигар деҳаҳо низ аз шароити хуби хизматрасонӣ дар тӯю маросим истифода намоянд. Тарабхона бо тарҳу намуди замонавӣ оро дода шуда, бо мизу курсиҳо муҷаҳҳаз аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва ятимон мулоқот намуда, ба 100 кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Истаравшан ва Деваштич туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram