РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Димишқ масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан баррасӣ шуданд

13 ноябр дар Димишқ дар доираи сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун мулоқот намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои соҳавии ду кишвар баррасӣ гардида, инчунин атрофи вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 25 июли соли 2022 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон буданд.

Хадафи асосии ин иқдом- раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.

Мавриди зикр аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осиошта амалӣ карда мешаванд ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба Ватан дар ояндаи наздик саъю талош менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram