14 ноябр дар толори “Арғунун” — и МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, ҳайати профессорону устодони донишкада конференсияи илмӣ — назариявӣ дар мавзуи “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фарҳанги миллӣ” ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур хабар доданд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, зикр сохт, ки Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар саросари мамлакат 16 — уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани ин санаи таърихӣ нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.
Ректори донишкада иброз дошт, ки сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии вакилони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан, ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт.
Пас аз суханронии ректори донишкада гардонандаи маҳфил, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ суханро ба муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода дод. Мавсуф ҳозиринро бо ин ду санаи муҳимми таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи тоҷик, бешубҳа, аз зумраи рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ маҳсуб мешавад. Дар рӯзҳои даъват ва баргузории Иҷлосияи XVI мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати ҷавони мо буд.
Ба гуфтаи муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сӯи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ, ки фарогири шеъру суруд ва рақсу оҳангҳои ҷолиб, аз ҷумла “Сулҳи мо ливо дорад”, “Ватан”, “Душанбеи ман”, “Бӯйи баҳор”, “Рақси кӯҳистон” ва “Сарвари оқил” буд, пешкаши ҳозирин гардонда шуд. Дар қисми илмии чорабинӣ бошад, 27 мақолаи илмию оммавӣ ва манзумаи ба Пешои миллат башидаи устодони донишкада ироа гардид.