РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон таъсис меёбад

Бо қарори Рустами Эмомалӣ Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис меёбад. Дар ин бора дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Таъсиси ҷоизаи мазкур бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» ва амалӣ намудани «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 марти соли 2022 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.

Тавре дар Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи низомномаи озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок дар озмунро доранд, ки синнашон то 30-сола бошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram