РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Душанбе: маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон 100 фоиз анҷом ёфт

Дар шаҳри Душанбе маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид. Дар комиссариатҳои ҳарбии чор ноҳияи пойтахт нақшаи даъват пеш аз муҳлат ба итмом расонида шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар кишвар аз 1 октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Дар робита ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар шаҳри Душанбе низ ҷавонони синни даъватӣ бо эҳсоси ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайвастанд.

Маросими гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» дар Муассисаи давлатии Амфитеатри «Аҳорун» бо тантана роҳандозӣ гардид.

Сол аз сол шароити техникии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар беҳтар мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити арзанда барои хизматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Ҳамаи ин имконияти фароҳамгардида насли ҷавони кишварро вазифадор месозад, ки аз хизмати Модар-Ватан саркашӣ накарда, барои ҳифзи марзу буми кишвар доимо омода бошанд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram