Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро, ханӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин шӯълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд.
Эмомалӣ Раҳмон
Масири корнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи ХVI-и тақдирсоз оғоз мегардад. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик аҳаммияти таърихӣ дорад, зеро Тоҷикистони дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хоку хун кашидашуда маҳз бо баракати ҳамин санаи таърихӣ — 16 ноябри соли 1992 аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, роҳи ояндаи худро муайян кард ва иҷлосияе, ки аз он оғоз ёфт, миллати моро раҳнамоӣ ва чун Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат эҳдо кард.
Дар иҷлосия тасдиқ гардидани рӯзномаи он, баъд аз он интихоби роҳбари давлат яке масъалаҳои муҳим маҳсуб меёфт. Зеро рафти кори иҷлосия, муҳокима, қабули қарор ва хулосаҳои судбахш аз бисёр ҷиҳат ба сарвари нави давлат вобастагии зиёд дошт. Дар асоси маслиҳати комиссияи муросои миллӣ тамоми аъзои Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумат, сарварони вазорату кумитаҳо ва дигарон ба истеъфо рафтанашон лозим буд, ҳамин хел ҳам шуд.
Баъдан, дар асоси пешниҳоди вакилони мардумӣ номзадҳо ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар он вақти мураккаб дар асоси Конститутсияи амалкунандаи ҷумҳурӣ сарвари давлат ҳисобида мешуд, номзадҳо пешниҳод карда шуд. Дар аввали иҷлосия номзадҳо пешниҳод карда шуда, бо сабабҳои объективию субъективӣ номзадиашонро боз доштаанд. Сипас, номзадии вакили мардуми Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод намудаанд, ки ин таклифро вакилони мардумӣ тарафдорӣ карданд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 нафар вакилони мардуми 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Дар натиҷа 19 ноябр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – собиқ Раиси комиҷроияи вилояти Қӯлоб, вакили мардумӣ, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҷумҳурӣ низ ба шумор мерафт ва гирифтани унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи ХVI сарчашма мегирад.
Воқеан, дар шароите, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуданд, Ватани нав ба истиқлолрасидаи мо рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси ҳисороти зиёд гардида, якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷикро зери суол мегузошт. Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонат, халқи тоҷикро сарҷамъ намуда, ҳазорон гурезаро ба Ватан баргардонданд.
Барои амалӣ намудани орзую ниятҳои мардум дар мамлакат барқарор гардидани сулҳ масъалаи аз ҳама муҳим ва муфид ба шумор мерафт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои таклифу дархост ва талаби мухолифин баҳри ба даст овардани сулҳ, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ омода будани худро доимо таъкид менамуданд: «Мо ба хотири созандагӣ ба музокирот ба ҳамаи нерўҳое, ки барои наҷот додани Тоҷикистон аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ манфиатдоранд, омода ҳастем. То он даме, ки мо сулҳу оромиро дар хонаи хеш барқарор насозем, силоҳро гузошта, ба кори созандагӣ шурўъ накунем, кўмаки ягон ҳамсоя ҳоли моро беҳ намесозад. Танҳо бо иттиҳод мо метавонем, Тоҷикистонро аз хатари ҳалокат ва парокандагӣ наҷот дода, онро ба давлати пешрафта ва соҳибистиқлол мубаддал гардонем».
Истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон 9 сентябри соли 1991 расман эълон шуда бошад ҳам, амалӣ гардидани он аз Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Тоҷикистон оғоз меёбад.
Дар Иҷлосия Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсони давраи ҷангӣ» баррасӣ ва қабул карда шуданд. Ҳамчунин, дар Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Бо шарофати Иҷлосияи таърихӣ халқи тоҷик ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баробарҳуқуқӣ, дўстии тамоми миллату халқиятро эътироф карда, Конститутсияи нави Тоҷикистонро қабул кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созандаи худ исбот карданд, ки боварии мардумро сазовор буда, сулҳу оромиро ба Ватан бозгардонданд ва миллати тоҷикро аз нав муттаҳид намуданд, давлати тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд ва пояҳои давлатдории миллиро мустаҳкам карданд.
Масъалаҳое, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сол муқаддам дар ҳалли онҳо иқдом намуданд, воқеан масъалаҳои бунёдии давлатдории миллии мо буданд: «таъсис додани Артиши миллӣ, пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд.» (аз Муроҷиатномаи 12 декабри соли 1992) Дар воқеъ, ҳамин Муроҷиатномаи нахустини Сарвари давлат барномаи мушаххаси бунёди давлати комилан муосири миллӣ ва демократӣ буд, ки паси ҳар сатри он воқеаҳо, ҳодисаҳо, пешравиҳо, масрафҳои моддию маънавӣ ва ислоҳоти азим истода буданд, ки барои нахустшунавандаҳо орзую армон буда, имрӯз барои мо воқияти бебаҳс гаштаанд.
Аҳаммияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлатдории миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон, 12 декабри соли 1992, таъкид намуда буданд. Аз ҷумла дар Муроҷиатнома иброз доштанд, ки: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳукуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав — давлати демократии ҳукуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Таҳия, баррасӣ ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асл баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд. Тавре ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, 19 ноябри соли 2012, иброз доштанд: «Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сӯи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд».
Бояд қайд кард, ки ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти стратегии инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон барои тамоми давлатҳои ҷаҳон эълон гардид. Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми кори иҷлосияи таърихӣ мунтазам таъкид менамуданд, ки давлати Тоҷикистон ҷонибдори ҳамин ғояи таърихӣ мебошад. Аз ҷумла, дар «Изҳорот», аз 31 декабри соли 1992, таъкид намуданд: «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад». Идеяи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки бевосита аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон гардид, баъдан дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардид.
Баъдан, ислоҳоти низоми идораи давлат таҳти се ислоҳоти конститутсионӣ се давраи мукаммалро (солҳои 1999, 2003, 2016) паси сар намуда, дар мамлакат институти президентии комилан халқӣ, парлумони касбӣ, ҳукумати ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ, ҳокимияти судии мустақил, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, интихоботи шаффофи Президент, парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, институти ҳуқуқи инсон давра ба давра заминаҳои ҳуқуқии худро пайдо карда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунёвӣ ба сафи давлатҳои миллии муосир ҳамроҳ намуд.
Барои ҳар роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ идораи давлатро ба уҳда мегирад, масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа муносибати шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳост. Агар ният суботи комил, оромии кишвар ва ваҳдат бошад, ӯ албатта, ба мақсад мерасад. Зеро таърих собит сохтааст, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд. Дар шароите, ки садою нолаи модарон аз ҷонибҳо баланд мешавад, даъват ба сулҳ ва оромӣ намудан қаҳрамонӣ ва матонати хоссаро талаб менамуд. Вале ин роҳи ягона буд, ки бо гузаштан аз бисёр манфиатҳо ба даст меомад. Онҳое, ки хостори созиш ва сулҳ набуданд, дар ҳарду ҷониб зиёд буданд. Роҳбари ҷавон ният ва иродаи худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар чунин шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо сари зону нишастан назди рамзи озодии миллат — Парчами давлат бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддаси худ эълон намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданашон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.
Пешвои миллат шахсияте мебошанд, ки таҳти роҳбарияшон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд шуда, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид гардид. Мактаби сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарси ибрати ваҳдати миллии он кас, давлатсозию ҳадиси ватанпарастиашон сарчашмаи худогоҳӣ, худшиносӣ, ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстӣ ва эҳёгари таъриху фарҳанги пурғановати ниёгон мебошад.
Абдурозиқ МАРДОНӢ,
рӯзноманигор