РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 дар Шарм-уш- Шайхи Миср муаррифӣ шуд

Дар павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср ташкил гаридааст, дар мавзӯи «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии пиряхҳо» дар доираи COP-27 чорабинии канорӣ гузаронида шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки созмондиҳандагони чорабинии канорӣ Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии метеорология мебошанд.

Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифии ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 аз ҳадафҳои асосии чорабинии канорӣ дар доираи КОП-27 мебошад.

Зимни чорабинии канорӣ олимон, сиёсатмадорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор масъалаи таҳияи муштараки «Харитаи роҳ»-ро бо мақсади таҳкими иқтидори ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла Агентии обуҳавошиносӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии канорӣ Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода ва муовини директори генералии Созмони ҷаҳонии метеорология Елена Манаенкова сухан гуфтанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram