Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии ҶТ ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ нахуст ректори ДМТ Қобилҷон Хушвақтзода суханронӣ намуда, баён дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар мамлакат гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Пас аз суханронии ректори донишгоҳ бо иштироки ҳунармандону сарояндагони саршиноси ҷумҳурӣ барномаи консертӣ доир шуда, табъи ҳозиринро болида намуд.