РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Абармарди сарнавиштсози миллат” баргузор шуд

15 ноябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи М. Миршакар” бахшида ба 30-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Абармарди сарнавишсози миллат” баргузор гардидааст. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар маҳфил сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанг Мирализода Раҳмоналӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон, директори Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон Абдураҳимзода Идрис, кормандони китобхона ва толибилмони Гимназияи рақами 2 хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Нахуст директори китобхона Ҳусайн Сафарзода аҳли нишаст ва мардуми Тоҷикистонро бо ин санаҳои таърихӣ табрику шодбош гуфта, баргузрии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сарнавишти халқи тоҷик муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, ҷавонону наврасони кишварро ба дӯст доштани Ватан, шукргузорӣ аз сулҳу субот, ягонагию ҳамбастагӣ даъват кард.

Сипас Раҳмоналӣ Мирализода таҷлили ин ду санаро барои мардуми тоҷик ҳамчун рӯзҳои ид муаррифӣ карда, дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки дар ҳақиқат ин рӯзҳи таърихӣ барои миллати тоҷик ид мебошад. То рӯзи Иҷлосия мардуми кишвар вазъияти душвореро паси сар мекарданд, душманӣ, кинаву адоват зиёд ба назар мерасид. Бо баргузор шудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи мамлакат рӯ ба беҳбудӣ ниҳод, Бо интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвар роҳбари ғамхору ҷонфидо, донишманду нуқтасанҷи худро дарёфт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сухани аввали худ дар ин иҷлосия “Ман ба шумоён сулҳ меорам” тавонист миллатро сарҷамъ кунад ва сулҳу суботро дар ҷумҳурӣ барқарор созад. Миллати тоҷик бо инояти Худованд сарвари ягона, раҳбари адолатхоҳу адолатпешаи худро сазовор гашт. Мо бояд шукргузори ин рӯзҳои ободу осуда, фазои софу беғубори кишвар бошем. Бо қаноатмандӣ пайи омӯзиши донишу маърифат, таъриху фарҳанги хеш бошем.

Ҳафиз Раҳмон низ дар суханронии худ аз ин санаҳои таърихӣ бо эҳтирому самимияти беандоза ёдоварӣ намуда, аз аҳли нишаст ва наврасону ҷонон даъват ба амал овард, то ин миллату ин Сарвари олитаборро дӯсту гиромӣ доранд ва бо шукргузорӣ аз ҳар як порча замини ин кишвар бо муҳаббату ихлос пайи омӯзиши донишу касб равона гарданд.

Дар бахши фарҳангии маҳфил таълимгирандагони Гимназияи рақами 2 хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо иҷрои шуъру сурудҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон, сулҳу дӯстӣ ва рақсҳои ҷаззоб хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram