РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар «Тоҷикфилм» бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

16-уми ноябри соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии баргузории Иҷлосияи тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ҳозиринро бад-ин муносибат табрику таҳният намуда, таъкид дошт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории миллӣ ва ҳаёти сиёсии кишвар рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба ҳисоб рафта, имкон фароҳам овард, ки фарзанди фарзонаи миллат бо иродаи волои сиёсию масъулияти баланд зимоми давлатдорӣ, роҳбарии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ба даст гирад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хиради азалӣ ва сиёсати дурандешона кишварро аз вартаи нобудӣ ва мардумро аз парешонӣ раҳоӣ бахшида, тӯли фаъолияти пурбаракати хеш барои рушду пешрафти ҷумҳурӣ ҷоннисорӣ кардаанд.

Маҳз бо сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат барқарорсозии ҳокимияти қонунӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, фаъолияти муназзаму самараноки рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, беҳтар шудани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат таъмин гардид.

Ифтихор дорем, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуршеди бахту иқбол Тоҷикистонро дурахшон ва ояндаи халқи тоҷикро нурафшон мегардонад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram