РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор медиҳад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 18 ноябр дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор эҳтимоли лағзиши тарма вуҷуд дорад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ, корҳои саҳро, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум, шикор ва ғайра худдорӣ намоянд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Дар ин рӯзҳо, ки ҳаво сард аст, риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор барои онҳое, ки хонаҳои худро бо печҳои барқӣ гарм мекунанд, зарур аст.

Барои таъмини бехатарии ҳаракати ронандагон дар роҳ ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Кумита посгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд.

Илова бар ин, дигар роҳҳои кӯҳии кишвар аз ҷониби кормандони Кумита ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ назорат карда мешаванд.

Ин тадбирҳо дар давраи хатари ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳо, ки дар натиҷаи сардии ҳаво ва бориши барф ба вуҷуд омадаанд, заруранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram