РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Табиби хасакӣ»-и Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бухоро дар Душанбе намоиш дода мешавад

Аз 15 ноябр ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Табиби хасакӣ»-ро пешкаши тамошобинон гардонида истодаанд, ки то 22 ноябр идома меёбад. Дар ин бора аз театри мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, намоиши мазкур дар як рӯз ду-се маротиба бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешкаши ҳаводорон мегардад.

Коргардони намоиши мазкур Муноҷот Эргашева буда, дар он ҳунармандон Елена Вардашева, Зилола Каршиева, Алишер Тошпулатов, Беҳрӯз Муҳидов нақш меофаранд. Он аз рӯи афсонаҳои тоҷикӣ гирифта шуда, барои наврасони аз 5-сола боло омода шудааст.

Муҳтавои намоиш чунин аст: Ноғлой пиразане мебошад, ки мехоҳад беазоб сарватманд шавад. Ҳамин тавр вай роҳи нодурустро пеш мегирад ва духтари подшоҳро заҳролуд мекунад. Худро ба подшоҳ барои табобат кардани малика ҳамчун табиб шинос менамояд. Аз табобат бехабар будан ва ба роҳи фиреб рафтанаш ошкор шуда, оқибат ӯро аз кишвар бадарға мекунанд. Аз шифо ёфтан ё наёфтани малика тамошобинон метавонанд дар театр огоҳ шаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram