РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Алмаато таҷлил шуд

16 ноябри 2022 дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маърӯзачиён аз аҳамияти иҷлосияи тақдирсозу таърихии XVI Шӯрои Олӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ сухан карданд.

Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милиса Абдураҳмон Аламшозода, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, фаъолони диаспораи тоҷик ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар мактотиби олӣ таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram