РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар рӯзномаи «AGEFI Luxembourg» оид ба ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об мақола ба нашр расид

Дар рӯзномаи «AGEFI Luxembourg» оид ба ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об мақола нашр шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре дар хабар таъкид шудааст, дар Люксембург бо мақсади таблиғу ташвиқ ва ҷалби бештари доираҳои ҳавасманди Люксембург ҷиҳати иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шумораи навбатии рӯзномаи бонуфузи «AGEFI Luxembourg» мақолаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс д-р Эркинхон Раҳматуллозода зери унвони “Endless efforts and practical actions of Tajikistan in addressing water-related challenges” нашр шуд.

Дар мақола ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об таъкид шудааст. Ҳамзамон муҳимияти ташаббуси нави кишвар дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ба миён гузошта шудааст.

Шакли электронии ҳафтномаи «AGEFI Luxembourg»-ро аз тариқи торнамои зерин мутолиа карда метавонед:  https://agefi.lu/publications/FreeMonthlySample/16/index.html

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram