РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Федератсияи дзюдои Тоҷикистон интихоб шуд

19 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд. Дар ин бора дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Рӯзномаи ҷаласаи аз ду масъала — интихоби Президенти Ташкилоти ҷаъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва интихоби ноиби президент иборат буд.

Пас аз тасдиқи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласа ҳозирин ба баррасии масъалаи аввали Конфронс — интихоби президенти нав шуруъ намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур қайд карда шуд, ки дар мувофиқа бо Президенти Федератсияи дзюдои байналмилалӣ Мариус Визер Президенти феълии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо хоҳиши худ аз мансабаш истеъфо дода, номзадии Исмоили Маҳмадзоир ба симати Президенти нави Федератсияи дзюдо Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram