21 ноябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Аргентина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Леополдо Франсиско Саҳоресро қабул кард. Дар ин бора аз Вазоарти корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Аргентина, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, башардӯстона ва ҳамкориҳои ду кишвар дар созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Аргентинаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.