РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мешаванд

Аз 22 то 26 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.

Ҳайати рӯзҳо, иборат аз 80 нафар ҳунарманд таҳти роҳбарии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба Туркманистон сафар намуд.

Дар ҷараёни баргузории рӯзҳои фарҳангӣ вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Туркманистон, се барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон дар назар аст.

Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марии Туркманистон доир гардида, ансамблҳои «Лола», «Парасту», ансамбли созҳои миллӣ, ҳунармандони маъруфи кишвар Носир Сафарзода, Ҳақназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов, Нозанин Комилова, Сироҷиддин Ҷӯраев, тарроҳ-Хуршед Сатторов, ҳунарманд Салимабону Каримова, мусаввирони бомаҳорати ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб назди тамошобини ин шаҳрҳо ҳунарнамоӣ менамоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram