РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Супоридани нусхаи эътимодномаи сафири Ҷумҳурии Гана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 ноябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Гана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Теҳрон) ҷаноби Эрик Овусу-Боатенгро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Ҷумҳурии Ганаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram