23 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бо иштироки ҳунармандони мамлакат барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир мегардад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, барномаи консертӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги мамлакат доир шуда, дар он устодони санъати тоҷик суруду таронаҳои ҷаззобро доир ба мавзӯъҳои Ватан-Модар ва истиқлолияту ҳувияти миллӣ иҷро менамоянд.
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар муассисаҳои фарҳангии мамлакат ҳамоишҳои илмию оммавӣ, аз қабили суҳбату вохӯриҳо, намоиши китобҳо ва конференсияҳо вобаста ба муаррифии таърихи Парчами миллӣ доир мегарданд.