РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири нави Юнон аз Осорхонаи миллӣ боздид намуд

21 ноябр Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ектерина Насика баъд аз маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллӣ дидан намуд. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Вақти боздид сафир аз осори марбут ба таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат ва дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, аз саҳми назарраси ниёгони тоҷикон дар рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон воқиф гардид.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ектерина Насика аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро навишта намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram