РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами Тоҷикистон мунаввар ва мустақиман намоиш дода мешавад

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка бахшида ба Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 ноябри соли ҷорӣ соати 8-00 бо вақти Душанбе ва ё 23 ноябр соати 22-00 бо вақти Вашингтон шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон мунаввар мешавад. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка хабар додааст.

Шаршараи боҳашамати Ниагара дар шимолу шарқи қитъаи Америка байни Штатҳои Муттаҳида ва Канада ҷойгир мебошад. Ҳар сония аз шаршараи Ниагара 3,160 тонна об ҷорӣ мешавад. Чор кӯли Супериор, Мичиган, Ҳурон ва Эри ба кӯли Онтарио партофт шуда, ба дарёи Ниагара равон мешаванд. Панҷ кӯли бузурги мазкур тақрибан аз панҷ як ҳиссаи таъминоти оби тозаи ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Мунаввар шудани шаршара ба меҳмонон имкон медиҳад, ки аз зебоии Ниагараи пуриқтидор баҳра баранд. Якум маротиба нуронии шаршара беш аз 140 сол пеш кӯшиш шуда буд ва имрӯзҳо ҳамчун нишонаи эҳтиром ба рӯйдодҳои муҳим, Ниагара бо чароғҳои махсус равшанӣ карда мешавад.

Чорабинии мазкур ба таври мустақим дар видео портали Ютуб бо суроғаи

https://www.youtube.com/watch? v=kxwuFPFUZyY&ab_channel=NiagaraFallsLive

ва сомонаи https://www.earthcam.com/world/canada/niagarafalls/thefalls/? cam=niagarafalls2

пахш мегардад.

Хоҳишмандон имконият пайдо мекунанд, ки аз тамошои чорабинии мазкур, ки ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ҳаловат баранд.

Ҳамчунин аз тариқи саҳифаи расмии радиои «Тоҷикистон» дар Фейсбук низ мустақиман намоиш дода хоҳад шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram