РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ба Осорхонаи Қасри Арбоб ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд китобҳои тозанашр ва аксу нигораҳо дастрас карда шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз толори “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и Осорхонаи Қасри Арбоб боздид намуда, ба фонди осорхона китобҳои тозанашр туҳфа намуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Ҳукумати мамлакат ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди осорхона китобҳои тозанашри “Сарвар, Президент, Пешво”, “Эҳёгари Суғд”, “Иҷлосия: Парвозгоҳи Пешвои миллат” ва медали ҷашнии “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро супорид.

Бояд гуфт, ки дар толори “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” воқеаҳои мудҳиш ва манзараи ҳузнангези он замон дар аксҳо инъикос ёфтаанд. Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти таърихии иҷлосия, нашрияҳои даврӣ, аксҳои бақайдгирӣ ва баромади вакилони мардумӣ, меҳмонон дар толор, нишоти вакилон дар “Оши оштӣ”, баррасии лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатӣ, иқтибос аз баҳсу андешаҳо, дастгоҳҳои наворбардориву аксбардорӣ, қолину таҷҳизоти сабти овоз то курсиву минбари баромад ва дигар ашёе, ки он замон истифода шудаанд, имрӯз чун ёдгории таърихӣ дар ин толор маҳфузанд.

Ҳамчунин аксҳои намояндагони васитаҳои ахбори омма, ки рафти Иҷлосияро ба навор гирифта, суҳбатҳои судманд анҷом медоданд, ба намоиш гузошта шудааст, ки аҳмияти таърихӣ дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд китобҳои тозанашри “Сарвар, Президент, Пешво”, “Эҳёгари Суғд”, “Иҷлосия: Парвозгоҳи Пешвои миллат” ва медали ҷашнии “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ҳадя намуда, аз намоиши “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” боздид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки гӯшаи мазкур ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, дар он маводи марбут ба иҷлосияи тақдирсоз ба намоиш гузошта шудааст. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дорои 16,6 ҳазор адад ашёву нигораҳои таърихӣ буда, аз ҷойҳои сербинандатарин маҳсуб меёбад. Аз оғози сол беш аз 41 ҳазор нафар аз осорхона боздид намудаанд, ки 2885 нафари онҳо сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram