Ҷиҳати пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ, муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи инсондӯстиву ифтихори ватандорӣ тарбия намудани онҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдоди назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар ҳамоиш сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, прокурори калони бахши ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи шаҳри Душанбе, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум Гулбаҳор Камолзода, сарнозири Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Абдураҳим Исмоилов, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзиданд.
Зикр гардид, ки хурофоту ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад. Бинобар ин, мо бояд наврасону ҷавононро ба фарогирии илму дониш ва касбу ҳунар пайваста даъват намоем. Зеро касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад.
Хотиррасон гардид, ки ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ шаҳрвандони кишвар бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шуданд. Сарфи назар аз ин, Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Сарвари давлат дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз сулҳу субот кӯшиш ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллӣ ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шурӯъ намоем.