22 ноябри соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода бо Сафири Ҷумҳурии Юнон, иқоматгоҳаш дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия хонум Екатерина Насика баргузор гардид. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба таъриху фарҳанги бою ғанӣ ва чандиҳазорсолаи Тоҷикистону Юнон суханронӣ намуда, ҳамкориҳо дар самти боздид ва баргузории як қатор чорабиниҳо дар мавзеъҳои таърихӣ ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан бо таърих, фарҳанг ва тамаддуни Тоҷикистон ва Юнон, омода намудани мутахассисони соҳа, баргузории барномаҳои корсертӣ, намоишномаҳои театрӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.