РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид

Субҳи имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳе доир гардид.

Ба ифтихори ин санаи муқаддас, нахуст раҳпаймоии оммавӣ аз варзишгоҳи марказӣ то майдони Исмоили Сомонӣ бо иштироки қишрҳои гуногуни ҷомеа, собиқадорон, кормандони идораву муассисаҳо, ҷавонон, занон, сохторҳои қудратӣ ва интизомӣ, устодону донишҷӯён, омӯзгорону хонандагон муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо муқаддасоти миллат дар даст баргузор шуд.

Чорабиниро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ифтитоҳ намуда, сокинони вилоят ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати ин санаи фархунда табрику муборакбод гуфт.

Зикр шуд, ки 24 ноябри соли 1992 Қонун ҶТ “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии ҶТ” қабул гардид, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯйи ҳадафҳои мамлакат-сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишварамон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон-Парчамӣ миллӣ қабул гардид.

Мо, имрӯз он лаҳзаи сарнавиштсози таърихиро бо ифтихори баланди миллӣ ба хотир меорем. Зеро қабули Парчами давлатӣ дар оғози давлатдории навини тоҷикон, яъне марҳилаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муҳим ва саривақтӣ буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон ба хотири Рӯзи Парчами миллӣ иброз намуданд, ки: «Мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкориамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи одӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».

Таъкид шуд, ки Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, баландтарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Халқи тоҷик дар тӯли таърихи давлатдорию давлатсозии худаш дорои суннат ва анъанаҳои қадима мебошад, ки яке аз онҳо эҳтироми Парчам буда, ин рисолат то замони мо омада расидааст.

Яъне, таърихи парчамдориву парчамбардорӣ дар мардуми мо ба аҳди бостон рафта мерасад ва барафроштани Парчам нишони озодиву истиқлолият ва осоиштагии миллатро ифода мекунад.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз таърихи парчамдории миллати тоҷик ёдоварӣ намуда, қайд намуд, ки он рӯзҳое, ки миллати соҳибмаърифати мо соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумла робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодию фарҳангӣ бо бисёр кишварҳои хориҷи густариш ёфтанд.

Давлати мо узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмону ташкилотҳои бонуфузӣ байналмилалӣ гардида, имрӯз Парчами миллии мо дар қатори дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст.

Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ гардиданд, ки таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони ин миллати тамаддунофар мебошад.

Баъди ҳазор соли бедавлатӣ, дар натиҷаи талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик истиқлолият ба даст омад ва дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар, ба вуҷуд овардани аркони давлатдории таърихиву тақдирсоз меистод, ки дар зарфи 30 сол таҳти раҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи рохбарии Олии кишвар ба ҳамаи дастовардҳо ноил

Мо, бояд имрӯз ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳои миллии Ватан дошта бошем ва ин муқаддасотро мисли гавҳараки чашм нигаҳ дорем.

Дар фарҷом аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ манзури ҳозирин гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram