РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тозанашр: «Китобу-т-тафҳим ли авоили саноъати-т-тарҷим»-и Абурайҳони Берунӣ чоп шуд



«Китобут-т-тафҳим ли авоили саноъати-т-тарҷим»-и Абурайҳони Берунӣ аз ҷониби Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон дар нашриёти «Дониш» чоп шуд. Дар иин бора аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ хабар доданд.

Китобут-т-тафҳим ли авоили саноъати-т-тарҷим аз шоҳкориҳои забони модарии мо дар илм аст, ки соли 1029 бо қалами Абурайҳони Берунӣ (973-1048) ба хоҳиши як духтари навомӯзи хоразмии муқими Ғазна ба тариқи пурсишу посух таълиф ёфтааст.

Китоб зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ таълиф шуда, барои истифодаи кормандони соҳаҳои мухталифи илм, устодону донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Муқаддима, шарҳи луғоту истилоҳот ва тавзеҳоти асарро Ҳасани Султон ба анҷом расонидааст ва асар ба ҷашни фархундаи 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ бахшида шудааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram