РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Дар роҳпаймоии идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ беш аз 15 000 нафар иштирок намуданд

24 ноябр дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар роҳпаймоӣ, ки дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев сурат гирифт, беш аз 15 000 нафар сокинони касбу кори гуногун, аз ҷумла варзишгарон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, омӯзгорону аҳли зиё, кормандони соҳаҳои тандурустиву фарҳанг, занону ҷавонони фаъол иштирок намуда, эҳтироми Парчамро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.

Ҳамзамон дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши калони идона баргузор гардид. Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.Тазаккур дода шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили ин сана дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ мояи ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфт, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.

Таърих шаҳодат медиҳад, ки аслан парчамбардорӣ барои аҷдоди мо – тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дури таърих сарчашма гирифта, хосияти бузурги тарбиявию ахлоқӣ дошт. Дар ин раванд эҳтиром ба Парчами давлатӣ — муҳаббат ва арҷгузорӣ ба давлату халқи худ ва ба рўҳи поку мероси гузаштагони бузурги худ буда, ҳар фарди ватандўсти миллатро ба ваҳдат, сулҳу субот, созандагиву ободгарӣ ва тавоноиву нерумандӣ ҳидоят менамояд.

Имрӯз мардуми тоҷик ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо кардаанд ва он чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram