РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Филми «Дов» барои ба даст овардани «Медали Юнеско-Ганди» рақобат мекунад

Филми «Дов» барои ба даст овардани «Медали Юнеско – Ганди» дар Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон бо давлатҳои Бангладеш, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Бразилия ва Канада рақобат мекунад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» коргардони ин филм Муҳиддини Музаффар.

Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон аз 20 то 28 ноябр дар Гоа- яке аз 29 иёлати Ҳиндустон баргузор мегардад. Фестивали мазкур яке аз калонтарин дар Осиё мебошад, ки дар он 187 филм аз 89 кишвари ҷаҳон намоиш дода мешаванд. Аз ин филмҳо 26-тоаш барои дарёфти ҷоизаи Оскар пешбарӣ хоҳанд шуд.

Фестивали 53-юми байналмилалии кинои Ҳиндустон шурӯъ аз соли 1952 баргузор мегардад. Он аз соли 2004 инҷониб дар шаҳри Панажи- пойтахти Гоа баргузор мешавад. Макони баргузории филмҳо маркази фарҳангии Кала Академия мебошад. Барномаи Фестивали байналмилалии филмҳои Ҳиндустон дар ҳафт толори кинотеатри пойтахти Гоа баргузор мешавад.


Ҳунарманди кино Абдумумин Шарифӣ, ки дар филми мазкур нақши Қаҳҳорро иҷро намудааст, дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки филм дар киностудияи «Суғдсинамо» дар ҳаҷми 1 соату 50 дақиқа ба навор гирифта шудааст.

«Муҳтавои филм дар бораи ду рафиқе қисса мекунад, ки барои таъмини зиндагӣ тарки касб карда, роҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд. Инчунин қаҳрамонони филм барои расидан ба орзуҳо ва наҷоти фарзанд аз беморӣ аз ҳам ҷудо мешаванд…»,- гуфт Абдумумин Шарифӣ.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram