РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Вазири корҳои хориҷӣ сафири ИМА-ро ба муносибати анҷоми маъмурияташ ба ҳузур пазируфт

28 ноябри соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба М.Поммершайм барои саҳми ӯ дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА изҳори миннатдорӣ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram