РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Давлаталӣ Саид бо Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) мулоқот намуд

28 ноябри 2022 дар Токио, дар Дафтари марказии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ ҷаноби Танако Акиҳико баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Япония хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи фаъолияти пурсамари Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ табодули афкор намуда, аҳаммияти идомаи таҳкими ҳамкориҳоро дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур доданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram