РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафари ҳайати журналистони Тоҷикистон дар Узбекистон анҷом ёфт

Сафари ҳайати вакилони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт. Рӯзноманигорони тоҷик давоми панҷ рӯз, ки аз 23 то 27 ноябр идома меёфт, ба шаҳри Тошканд, шаҳрҳои қадимии Бухоро ва Самарқанд ташриф оварданд. Дар ин бора «Овози Самарқанд» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дирӯз меҳмонон пайкараи асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муҷассамаи шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсиро зиёрат карданд.

Раҳбарони Иттиҳодияи рӯзноманигорони Ӯзбекистон ва шабакаҳои телевизиону радиои Тоҷикистон, сардабирони нашрияҳои марказӣ, намояндагони Хадамоти иттилоотӣ дар пояи муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абулқосим Фирдавсӣ гулчанбар гузошта, ба хотираи онҳо эҳтиром баён намуданд.

Сипас, меҳмонон аз майдони Регистон низ дидан карда, ба самти навбатӣ — минтақаи озоди иқтисодии “Ургут” роҳ пеш гирифтанд. Намояндагони ҳайат бо фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолиятдошта шинос шуда, бо соҳибкорон суҳбат намуданд.

Дар охири сафар аъзоёни ҳайати журналистони Тоҷикистон иброз доштанд, ки сафари ба Ӯзбекистон намудаи онҳо мутаассиру хотирмон гузашт ва онҳо ба ҳама гуна ҳамкориҳои муфиди тарафайн омодаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram