РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТОЗАНАШР: ««ШОҲНОМА» ДАР РУСИЯ»

««Шоҳнома» дар Русия»- таҳти чунин унвон чанде қабл китоби адабиётшиноси шинохта, олими сермаҳсул, тарҷумони варзида, номзади илмҳои филология, дотсент, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Абдурашид Самадов нашр гардида, дастраси дӯстдорони адабиёт шуд. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар китоб оид ба таърихи тарҷумаи «Шоҳнома» — и Абулқосим Фирдасӣ ба забони русӣ сухан меравад. Муаллиф дар мақолаҳои ҷудогона аз таърихи тарҷумаҳои “Шоҳнома” аз ҷониби Л.Пенковский, В.Жуковский, М.Зотов, С.М.Соколов, М.Лозинский, В.Державин, И.Селвинский, В.Левик, К.Липскеров, Е.Звягинсева, С. Липкин, Р.Ашкинадзе ва С.Б. Бону — Лоҳутӣ ҳарф зада, нақши Бонуро дар иҷрои ин амр бориз ва тарҷумаи ӯро намунаи муваффақ арзёбӣ кардааст.

Бояд зикр кард, ки китоби мазкур як навъ сайри таърихии «Шоҳнома» дар сарзамини Пушкин буда, барои насли фардо ва муҳаққиқону олимони адабиётшиноси ду кишвар асари муҳиму мондагорест.

Китоби ««Шоҳнома» дар Русия»- и Абдурашид Самадов бо сарсухани узви вобастаи АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад таҳти унвони “Пажӯҳиши ҳамосаи бузург” оғоз гардида, дорои бобҳои – ««Шоҳнома» дар сарзамини рус», «Ситсилия Бону — Лоҳутӣ ва соярӯшанҳои тарҷумаи «Шоҳнома» ба забони русӣ», «Шоҳнома» ва шоҳномапажӯҳон», «Ҷусторҳо дар «Шоҳнома» ва 18 зербоб аст.

Адабиётшиноси варзида Мирзо Муллоаҳмад Абдурашид Самадовро яке аз пажӯҳишгарони шинохтаи робитаҳои адабӣ номида, гуфтааст, ки дар асари нави ӯ масъалаҳои тарҷума ва таҳқиқи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. “Асари А. Самадов дорои маводи фаровон, мушоҳидаву мулоҳизаҳои ҷолиб ва андешаҳои амиқи илмӣ буда, иқдоми муҳимме дар шинохти “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ва робитаҳои адабӣ ба шумор меравад,”- чунин хулоса намудааст узви вобастаи АИ ҶТ Мирзо Муллоаҳмад.

Дар ин асари таҳқиқотӣ саҳми бузургу мондагори Ситсилия Бону дар тарҷумаи “Шоҳнома” мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифта, зикр шудааст, ки ин пажӯҳишгари рус бо маслиҳату машварати устод Абулқосим Лоҳутӣ ба тарҷумаи ҳамоса машғул шуда, тақрибан 50 соли умрашро ба ҷодаи пурифтихори илм бахшидаааст.

Хулоса, аз ин китоб мо метавонем дар бораи адибони рус, ки ба пажӯҳиши асари безаволи «Шоҳнома» машғул шуда, корҳои муҳиммеро ҷиҳати муаррифии осори гаронарзиши Абулқосим Фирдавсӣ дар мулки рус ба анҷом расонидаанд, маълумоти илмӣ пайдо намоем.

Мо ин ҷо дар бораи бобҳо ва зербобҳои он ки фарогири беҳтарин мақолаву маводи таҳқиқотиянд, аз ин беш сухан намегӯем, зеро итминони комил дорем, ки хонандагон ва дӯстдорони адабиёт пас аз муждаи нашри ин асари пажӯҳишии адабиётшиноси варзида Абдурашид Самадов онро пайдо намуда, мутолиа хоҳанд кард.

«Инсоният аз рӯзе, ки ба забонҳои гуногун ҳарф заданро оғоз кард, ба касби мушкилу пурифтихори тарҷумонӣ зарурат пайдо намуд. Тарҷумонҳо ҳам дар рӯзҳои осоишта ва ҳам ҷанг, ҳам ҳуҷумҳои ғоратгарона ва ҳам сайру саёҳату тиҷорат ва ғайра лозим буданд. Бидуни онҳо муоширати байни мардум тасаввурнопазир аст. Маҳз фаъолияти тарҷумонҳо буд, ки ба наздикшавӣ ва ҳамгироии фарҳангҳои ба мо дур – аврупоию амрикоӣ, антиқаю муосир, шарқию ғарбӣ имконияту шароити мусоид ба миён овард»,- навиштааст тарҷумони шинохта Абдурашид Самадов дар сатрҳои аввали китоби ««Шоҳнома» дар Русия» ба ҷойи пешгуфтор.

Воқеан ҳам тарҷумонро метавон пуле миёни фарҳангу тамаддун, забону адабиёт ва дигар робитаҳои ду кишвар номид. Ин рисолати бузургро тарҷумони варзида ва муаллифи асари мондагори «Шоҳнома» дар Русия» Абдурашид Самадов дар фаъолияти ибратбахшу беш аз 50 – солааш сарбаландона ва бо масъулияти баланд иҷро карда, дар рушди соҳаи тарҷумонӣ ва адабиёт дар Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram