РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Япония ҳамкориҳоро дар самти китобдорӣ тақвият медиҳанд

Миёни китобхонаҳои Тоҷикистон ва Китобхонаи марказии Токио ҳамкориҳои муштарак барқарор мешаванд. Ин масъала зимни мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов бо Директори Китобхонаи марказии Токио ҷаноби Фукузаки Хироши баррасӣ шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар робита ба барқарор намудани ҳамкориҳои муштарак миёни китобхонаҳои ду кишвар, аз ҷумла дар самти фаъолияти китобдорӣ ва китобхонашиносӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот оид ба ташкили намоишҳои китоб дар Тоҷикистону Япония ва мубодилаи коршиносон дар тамоми соҳаҳои китобдорӣ ибрози назар карда шуд.

Дар фарҷом ба Китобхонаи марказии Токио чанд нусха аз китоби “Хазинаи тиллоии тоҷикон” (муаллиф Ҳамрохон Зарифӣ), ки соли ҷорӣ ба забони японӣ ба нашр расид, тақдим гардид.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram