РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Суғд: Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбати занон» гузаронида шуд

Дар асоси нақшаи чорабинии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар  мавзеи Регистони бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд дар доираи маъракаи иттилоотии “16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбати занон” аксия баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварї дар оила, ташкилотҳои ҷамъиятии “Сарчашма”, “Чашмаи ҳаёт”, “Фонди рушди ҷомеа”, аъзои Шӯрои занон ва фаъолони маҳаллаҳо ширкат варзида, бо шаҳрвандон корњои фањмондадињї бурда, њамзамон, маводи тарғиботию ташвиқотї дастрас намуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур, пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати њуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварї дар оила, огоҳонидани онҳо аз оқибатҳои зӯроварї ва бунёди оилаи бехушунат мебошад.

Чунин аксия аз ҷониби шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram