РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Аҳли фарҳанги Тоҷикистон аз ёдгориҳои таърихии Туркманистон дидан намуданд

Дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марии Туркманистон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин кишвар як қатор барномаҳои ҷолибу дидании фарҳангӣ, аз қабили барномаҳои консертии ҳунармандони маърифи кишвар, намоиши филми мустанад дар бораи Тоҷикистон, намоиши аксҳо, мусаввараҳо, либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ, шириниҳо ва анвои гуногуни нонҳои тоҷикӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардид, ки мардуми ин сарзамин бо самимияту муҳаббати беандоза аз ин барномаҳо истиқбол намуданд. Дар ин бора аз дафтраи матбуоти Вазорати фарҳанг кишвар хабар доданд.

Ҷараёни баргузории рӯзҳо тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври густурда интишор ва пахш гардиданд.

Дар ин росто хабарнигори рӯзномаи “Нейтральный Туркменистан”(аз 25 ноябри соли 2022) Зайнаб Агамамедова баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар Туркманистон падидаи беназири фарҳангӣ арзёбӣ намуда, вобаста ба намоиши аксҳо дар мавзӯи “Тоҷикистони муосир”, мусаввараҳо, либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастии устоҳои моҳири тоҷик, ки дар Осорхонаи санъати тасвирии Туркманистон ба номи Сафармурод Ниёзов, рӯзи 24 ноябр баргузор гардид, чун иди бошукӯҳ ва чорабини пурҷилои фарҳангӣ ёдоварӣ намудааст.

Мавсуф менависад, ки ба иштирокчиён намоиши либосҳои миллии тарроҳи хушзавқи тоҷик Хуршед Сатторов бо нақши чакан ороёфта бештар писанд омад.

Хабарнигор дар ҷараёни баргузории намоиш бо Салима Каримова мутахасиси пешбари раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Сироҷиддин Ҷурахонзода директори Коллеҷи рассомии ба номи М. Олимов, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва рассомиро муаррифӣ мекарданд суҳбат ороста, мусоҳибон оид ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар, санъат ва фарҳанги ду давлат ҳамчун дӯстони дерина ибрози андеша кардаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар намоиши рассомӣ 45 асарҳои эҷодии рассомони Тоҷикистон аз қабили дорандаи ҷоизаи “Независимость” Анваршо Сайфуддинов дар мавзӯҳои “Курраи зиндагӣ”, “Некӣ ва бадӣ”, табиати нотакрор ва дастовардҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар аксҳои суратгири моҳир Шуҳратҷон Ёров таҷассум гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.

Рассоми Осорхонаи санъати тасвирии Туркманистон Союн Сахатглиджов дар мусоҳиба бо рӯзноманигор зикр намуда, ки хеле хушҳолу сарфароз аз он ҳастем, ки бо таъриху фарҳанги кишвари дӯсту бародари тоҷик дар ин рӯзҳои фарҳангӣ аз наздик ошноӣ пайдо намудем. Дар ҳақиқат ҳам мардуми тоҷик дорои таъриху тамаддуни бою ғанӣ буда, бо ин фарҳангу тамаддуни хеш машҳури олам аст.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram