Дар асоси нақшаи якҷояи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ дар вилояти Суғд бо занон-кормандони Раёсат оид ба амалишавии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Вохӯриро раиси Шӯрои занони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ дар вилоят Адолат Карамхудоева ифтитоҳ бахшида, доир ба фаъолияти аъзои Шӯрои занони Раёсат маълумот дод. Сипас, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Гулнора Гадойбоева оид ба амалишавии барномаҳои зикршуда сухан намуд. Аъзои Шӯрои занони вилоят, собиқадори меҳнат дар соҳаи хизмати давлатӣ Муҳаббат Нозимова аз фаъолияти худ нақл намуда, аз таърихи 30-соли Иҷлосияи тақдирсози ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. Ҳамчунин, аъзои Шӯрои занони вилоят, муовини сардухтури беморхонаи шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бунёди оилаи солим андешаҳои худро баён дошт.
Ҳадаф аз баргузории мулоқот, пеш аз ҳама, ба роҳ мондани ҳамкории судманд, идома додани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҳолатҳои номатлуб мебошад.
Дар фаҷом иштирокчиён ба саволҳои худ аз ҷониби масъулин посухи мушаххас гирифтанд.