РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими шоистаи давлатӣ, собиқ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзян Тсземин боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Ҷаноби Тсзян Тсземин бо фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни баланду муҳими давлатӣ хусусияту муҳтавои як давраи комили рушди Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҷассум намуда, дар дохили кишвар ва берун аз он соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд гардида буд.

Ҷониби Тоҷикистон нақши шодравонро дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи равобити дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ сидқан эҳтиром мегузорад. Ба шарофати талошҳои пайвастаи ӯ муносибатҳои созандаи ду кишвари дӯст ҳамаҷониба густариш ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта шуданд. Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо ҷаноби Тсзян Тсземин бо некӣ дар ёд дорам.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ҳамдардӣ ва таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, мардуми дӯсти Чин ва ҳамаи наздикону пайвандони марҳум иброз менамоям».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram