РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ДМТ маҳфили шеъри Рустами Ваҳҳоб баргузор шуд

Бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ маҳфили «Хирадманд» дар толори калони донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид. Дар ин бора аза донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчии маҳфил шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб буд. Маҳфилро декани факултети филологияи тоҷик, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ сарварӣ мекард. Мавсуф зикр намуд, ки эҷодиёти Рустами Ваҳҳоб маънои зиндагии мо мебошад ва эҷодиёташ саршор аз муҳаббату ватандорист.

Меҳмони маҳфил аз таваҷҷуҳи раёсат ва устодони Донишгоҳи миллӣ ба шахсияти ӯ изҳори ташаккур намуд. Шоир зимни суханронияш аз бузургии адабиёт ва мавқеи он дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон мухтасар қисса намуд: — Адабиёти мо маърифат аст ва барои он диди махсус мебояд.

Шоир дар идомаи маҳфил доир ба муҳтаво ва таърихи офариниши баъзе аз шеърҳояш сухан гуфта, мавзӯи онҳоро вобаста ба ҳар давр, яъне имрӯзу гузашта, донист. Инчунин роҷеъ ба аксар мушкилоти ҷомеа, ки мардум таваҷҷуҳ ба он доранд, сухан кард ва порчаҳои шеъриеро қироат намуд.

Дар ҷараёни маҳфил сурудҳо аз ашъори шоир дар иҷрои ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Амриддини Кабир шунида шуданд.

Дар интиҳо адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон оид ба осори шоир суханронӣ намуд. Устод Рустами Ваҳҳоб ба ташкилкунандагони маҳфил арзи сипос намуда, ба дӯстдорони илму адаб комёбиҳо таманно намуд. Анҷомбахши маҳфил шеъри «Ватан гуфтам, Ватан гуфтам» (На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам …)-и устод Рустами Ваҳҳоб буд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram