РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Маҷлиси намояндагон Буҷети давлатӣ барои соли 2023 қабул шуд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва «Дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни баррасии масъалаи мазкур иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2024» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025» таҳия гардидааст.

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат ба татбиқи сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, амалӣ намудани афзалияти стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини бехатарии давлат ва саноатикунонии босуръат равона гардидааст.

Бо назардошти дар сатҳи 7,8 фоиз рушд ёфтани иқтисоди миллӣ ва дар ҳаҷми 127,3 млрд сомонӣ ташаккули дурнамои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2023 даромади Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад дар ҳаҷми 37,1 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли ҷорӣ 4,1 млрд сомонӣ ё 12,3 фоиз зиёд мебошад ва нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 29,1 фоиз баробар гардидааст.

Бояд зикр кард, ки дархостҳои буҷетии вазорату идораҳо аз рӯйи имконияти молиявии кишвар ба инобат гирифта шудаанд.

Хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 38,1 млрд сомонӣ бо афзоиши 4,5 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он ба 29,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Фонди музди меҳнат дар ҳаҷми 7963,5 млн сомонӣ бо афзоиши 23,3 фоиз пешбинӣ шуда, ҳаҷми он ба 6,3 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба буҷети соли 2022 ба андозаи 0,1 банди фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2023 дар ҳаҷми 16947,4 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки афзоиши он нисбат ба буҷети соли 2022-ум 2231,2 млн сомонӣ ё 44,5 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дурнамои хароҷоти соҳаҳои мазкур ба 13,3 фоизи ММД баробар мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи маориф ба маблағи 7210,4 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022–ум 906,3 млн сомонӣ ё ин ки 14,4 фоиз афзоиш ёфта, 18,9 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Соҳаи тандурустӣ низ яке самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мансуб шуда, хароҷоти соҳа барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 3343,1 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2022-ум 461,7 млн сомонӣ ё 16,0 фоиз зиёд буда, 8,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 2,6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои соли 2023 ба маблағи 4898,6 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, нисбат ба буҷети соли 2022 ба маблағи 567,0 млн сомонӣ ё 13,1 фоиз афзоиш ёфта, 12,9 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 3,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Дар буҷети давлатӣ барои соли 2023 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш ба маблағи 1494,3 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2022-ум 295,2 млн сомонӣ ё ин ки 24,6 фоиз афзоиш ёфта, 3,9 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 1,1 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии иқтисодиёт ҳадафҳои стратегии кишвар арзёбӣ гардида, зери назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Бинобар ин, дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2023 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар 12681,3 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки он ба 9,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Бо назардошти мувозинати Буҷети давдатӣ касри он дар соли 2023 ба андозаи 0,8 фоизи ММД ё баробар ба маблағи 1 млрд 30 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 406,8 млн сомонӣ ё 0,2 банди фоизии ММД зиёд мебошад.

Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025, Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» , Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе — маблағгузории иловагӣ» ва Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вакилони мардумӣ дар интиҳо аз рӯи ҳамаи масъалаҳои мухокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода, Сурайё Дӯстмуродзода, Мунаввар Абдусаломзода, Музаффар Маҳмудзода ва Зоир Раҳмонзода муаррифӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram