РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Мастчоҳ машқи мукаммал оил ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода доир гардид

Давоми 3 рӯз, аз 28 то 30 ноябр машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Мастчоҳ дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд аз хабар доданд.

 Субҳи 30 ноябр  бо эълони «Бонги хатар» дар майдони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Мастчоҳ оғоз гардид.

 Нахуст, раиси ноҳияи Мастчоҳ, раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳия Аъзам Ализода баъди гузориши сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия Исматулло Қозизода аз вазъи омодагии иштирокдорони машқ ва техникаи сафарбаршуда ошноӣ пайдо намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки машқи мукаммал дар ду марҳила, марҳилаи аввал — Амали ҳайати роҳбарикунанда, Комиссияи МИҲД-и ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулодда, комиссияи эвакуатсионӣ, аъзои зернизоми ҳудудии Низоми ягона, қувва ва воситаҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия ҳангоми сар задани офати табии — сел ва зарари ҷиддӣ расонидан ба ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва марҳилаи дуюми машқ бошад, ташкили корҳои эвакуатсионӣ, наҷотдиҳӣ, таъхирнопазир ва иҷрои корҳои барқароркунӣ гузаронида шуд.

Дар рафти иҷрои машқи мукаммал  зернизомҳои ШВКД ҶТ дар ноҳия, хадамоти сухторхомушкунӣ, тиббӣ, барқ, бойторӣ, дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, комиссия ҳудудии МИҲД-и ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулодда,  комиссияи эвакуатсионӣ ва дигар қувваҳои мудофиаи граждании ноҳия амали худро нишон доданд.

Дар охир ҷамъомад баргузор гардида, иштирокчиёни машқ бо сипоснома ва туҳфаҳои арзишнок аз тарафи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилоят ва МИҲД-и ноҳия сарфароз гардиданд ва дар охир машқи гузаронида аз тарафи Ситоди машқ  қаноатбахш баҳогузорӣ карда шуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram